Войти в почту

Умер бывший футболист и тренер «Ростова» Игорь Гамула

Руслан Хайлоев, футболбози тоҷиктабори тими Зенит аст. Нимҳимоятгари марказии тими питериҳо ба якчанд саволҳои SPORTS.tj ҷавоб дод.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Руслан Хайлоев, тоҷике зодаи шаҳри Твер буда, падар – тоҷик ва модар – рус. Ӯ 17 сол дошта, узви дастаи ҷавонони Зенит гардид.

– Падарам зодаи Тоҷикистонанд – сӯҳбаташро чунин оғоз намуд Руслан. Модарам бошад, рус. Ман худ зодаи шаҳри Твер ҳастам.

– Чи гуна ишқи футбол дар дилатон ҷой гирифт?

– Вақте хурд будам, падарам маро ба ин намуди варзиш оварданд. Дар пеши устоди аввалинам Андрей Викторович Галкин, машқҳои нахустини футболиро омӯхтам, ки хеле миннатдор ҳастам.

– Падаратон худ футболбоз буданд?

– Не. Лек ҳавасмандии зиёде доштанд. Мумкин ҳамин сабаб шуд, ки маро ба ин намуд сафарбар намуданд.

– Падар, ки тоҷиканд, шумо ҳам аз Тоҷикистон дидан кардаед?

– Бале, бисёр рафтаам Тоҷикистон. Онҷо дар ҳақиқат биҳишт аст. Кӯҳсор, манзараҳои зебо ва мардумони меҳмондусту меҳмоннавоз.

– Дар кадом шаҳрҳо будед?

– Асосан ба назди бобову момоям ба Шаҳритус рафтаам. Дар Душанбе ҳам будам.

– Охирин маротиба кай дар Тоҷикистон будед?

– Соли 2019-ум будам. Ҳангоми истироҳатӣ бо падарам рафта будем.

– Зодаи Твер, чи гуна шуд, ки футболбози Зенит шавед?

– Соли 2018-ум буд. Чемпионати наврасони Россия доир мешуд. Ман ҳам чун дигар ҳамдастагонам тими Тверро намояндагӣ менамудем. Дар ҳамон мусобиқа селексионерони Зенит бозии маро хуш карданду барои санҷиш даъват карданд. Пас аз як моҳ барои санҷишгузарӣ омадам ва ба мураббиён маъқул шудам ва маро ба дастаи академияи Зенит қабул карданд.

– Ҳоло ба ҳайати асосии Зенит шартнома кардед?

– Асосан гирем, ман ки 17 солаам маро ба ҳайати ҷавонон мегиранд. Лек, агар рафту бозиам хуб шаваду ба мураббиён писанд ояд, метавонам дар ҳайати асосӣ ҳам баромад кунам.

– Орзу доред, ки дар тими Зенит бозӣ кунед?

– Албатта, инро ки намехоҳад. Айни замон Зенит дар Россия ҳамтои худро надорад.

– Аз футболбозон, киро бештар меписандед?

– Криштиану Роналду ва Месут Озил дустдоштатарин футболбозони ман ҳастанд.

– Аз рафти чемпионати Тоҷикистон ҳам хабардор мешавед?

– Албатта, ҳаракат мекунам, ки аз тамоми ҳодисаву фоқеаҳои натанҳо футбол, балки тамоми Тоҷикистон огаз бошам.

– Дар кадом мунтахаб баромад мекунед? Россия ва ё Тоҷикистон?

– Хеле саволи душвор. Аз тарафи падарӣ – Тоҷикистон. Аз тарафи модарӣ – Россия. Вақташ, ки расид бо падарам маслиҳат хоҳам кард. Лек ҳаминро мегуям, ки ҳоло на аз мунтахаби Тоҷикистон ва на аз мунтахаби Россия даъват нашудаам..

View this post on Instagram A post shared by SPORTS.tj:Весь спорт – здесь!© (@sports.tj.official)

View this post on Instagram A post shared by SPORTS.tj:Весь спорт – здесь!© (@sports.tj.official)