Войти в почту

Холанд выбыл до конца года из-за травмы

Агенти футболии тоҷик, ки якчанд футболбозонамонро аз дастае ба дастае “миёнаравӣ” мекунад, бо SPORTS.tj ҳамсуҳбат шуд.

ДУШАНБЕ, февраль – SPORTS.tj. Кова Тилавпур, танҳо агент ё менеҷери футбол дар хориҷ аст, ки бо ҷалб ё трансфери футболбозони тоҷик ба тимҳои кишварҳои хориҷӣ машғул аст.

– Шумо пештар рузноманигор будед, чаро онро тарк кардеду ба дигар ҷода гузаштед?

– Дуруд бар Шумо. Ҳоло тарки ҳунар накардаам. Ҳамчун рузноманигор фаъолият намуданам ягон ҷойи пинҳонӣ надорад чун ин касб аз хун ба хун гузаштааст. Имрузҳо ҳамрафту илҳомам гирад, қалам ба даст мегираму менависам.

– Худ футболбози кардаед?

– Ман қаблан футболбози ҳирфавӣ будам ва дар дастаи «Хуҷанд» низ бозӣ кардаам. Аз сабаби ҷароҳат бардоштани пойям аз футболи ҳирфавӣ дур шудам, вале дар овони донишҷӯи байни Донишгоҳҳо мусобиқаи футбол доир мегашт ва он ҷо бозӣ мекардам.

– Чи водор кард, ки агенти футболӣ шавед?

– Замоне дар шабакаҳои варзиши кор карданам аз мушкилоти футболбозони тоҷик бисёр мешунидам ва баъди омадан ба кишвари Туркия тасмим гирифтам,ки фаъолиятамро ҳамчун мудирбарномаи футболбозон идома диҳам.

– Аввалин мизоҷи шумо кадом футболбоз буд?

– Аввалин футболбозе, ки бо ширкати таъсисдодаам қарордод намудам ин нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов буд.

View this post on Instagram A post shared by SPORTS.tj:Весь спорт – здесь!© (@sports.tj.official)

– Мақсад аз агент шуданатон дар чист?

– Мақсади ба ин ришта фаъолиятамро идома додан ин буд, ки мехостам барои футболбозоне ки ҳунари хуб доранд кӯмак кунам, то дар дастаҳои кишварҳои дигар маҳораташонро санҷанд.

Фикр мекунам ҳоло ҳамаи нақшаҳо дар пеш аст. Мехоҳам футболбозоне,ки бо мо ҳамкорӣ доранд дар 5 Лигаи беҳтарини сайёра ҳунаранмоӣ кунанд.

– Беҳтарин трансфере, ки анҷом додед.

– Ҳоло зиёда аз 10 трансфери байналмилалиро анҷом додам. Ҳоли ҳозир беҳтарин трансфере ки ҳоло анҷом додам гузаштани Эҳсони Панчшанбе нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон аз дастаи «Истиқлоли» Душанбе ба дастаи «Навбаҳори» Намангон буд.

– Чаро бештари футболбозони мо ба Осиёи Ғарбӣ мервванд?

– Ба кишварҳои Осиёи Ғарбӣ пайваст шудани футболбозон дар ширкати мо аз ҷиҳати сатҳи футбол ва созишномаҳои хуб доштан аст. Ин кишварҳо барои футболбозон маблағи хуб медиҳад.

– Худ дар Туркия ҳастед ва чаро футболбозони тоҷикро ба лигаҳои гуногуни Туркия ҷалб намекунед?

– Дар кишвари Туркия фаъолияти агентҳои футбол хеле душвор аст. Чун дар бештари бошгоҳо як агенти худро надоранд. Футболбози қавӣ ва робитаи хуб дошта бошад метавонад ҳар агент футболбозашро муаррифӣ кунад.

Ман дар ҳамин сол тасим гирифтам,ки як ду футболбози бомаҳоратамро ба Супер Лигаи Туркия биёрам ва бовари дорам, ки ба наздики ин ҳодисаҳо рух медиҳад.

– Ба наздики шартномаи Фатҳулло Фатҳуллоев бо Ченнайини Ҳиндустон ба анҷом мерасад. Чи нақша доред?

– Фатҳулло Фатҳуллоев бозингари хуб аст ва барои у тим ёфтан ягон мушкилие надорад. Ҳоло, ки у футболбози Ченнайин аст, шартномааш пурра ба итмом расад, нақшаҳо ҳаст, аз пайи иҷрояш мешавем.

View this post on Instagram A post shared by SPORTS.tj:Весь спорт – здесь!© (@sports.tj.official)

View this post on Instagram A post shared by SPORTS.tj:Весь спорт – здесь!© (@sports.tj.official)